Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои товонпулии гарон аз Эрон


мс

Як додвари федеролии Амрико ҳукм кардааст, ки Эрон бояд ба пайвандони 241 сарбозе, ки соли 1983 дар асари бамбгузории бошгоҳи нирӯҳои Амрико дар Бейрут, пойтахти Лубнон ҳалок шуданд, 2 миллиарду 650 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Додвар Ройс Ламберт ин ҳукмро бузургтарин муҷозоти молӣ алайҳи як кишвари хориҷӣ аз сӯи додгоҳҳои Амрико хондааст.



Як додгоҳи Амрико қаблан ҳукм карда буд, ки Эрон Ҳизбуллоҳро, ки масъули анҷоми он ҳамлаи маргталабона шинохта шудааст, кӯмаки молӣ мекард. Аммо Эрон ҳар навъ мушорикат дар он ҳамларо радд мекунад.
XS
SM
MD
LG