Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеналтии Тоҷикистон ноком анҷом ёфт


Дар дақиқаи бистуми бозӣ миёни тимҳои наврасони Тоҷикистон ва Тунис дар сабқати ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол капитани Тоҷикистон Самад Шоҳзуҳуров зарбаи ҷаримавии ёздаҳметраро ба нишон расонида натавонист.


Ҳимоятгари африқоиҳо рақами ҳабдаҳи Тоҷикистон, Умедҷон Шарифовро дар ҷаримагоҳи худ афтонд ва довари салвадорӣ ба дарвозаи Тунис пеналти таъин кард. Аммо дарвозабони Тунис зарбаи Шоҳзуҳуровро баргардонд.


Бист дақиқаи аввали бозӣ умуман бо бартарияти тими Тоҷикистон гузашт. Дар ин бист дақиқа тоҷикон аллакай се имкони садфоизаи голзанӣ доштанд, аммо ҳар бор бахт ба рӯи Тунис механдид. Аммо дар панҷ дақиқаи пас аз пеналтии нокоми Тоҷикистон тунисиҳо ду бор бо ҳамлаи хатарнок ба ҷаримагоҳи Тоҷикистон ворид шуданд. Аз рӯи омор, 55 дар сади бозӣ тӯб зери пои тоҷикон аст. Бозигарони тими Тунис зуд-зуд қоидаи бозиро вайрон мекунанд. Яке аз бозигарони маъруфтарини онҳо, Уссома Буғаннӣ корти зард гирифт.
XS
SM
MD
LG