Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози имтиҳони имомхатибони Душанбе


Имрӯз раванди санҷиши дониши мазҳабӣ ва дунявии имомхатибони шаҳри Душанбе шурӯъ гардид.


Гуфта мешавад, дар раъси кумисюн Худойбердии валади Эгамбердӣ, ноиби раиси Шӯрои улламои Тоҷикистон, қарор дорад. Кумисюни вижаи таъйиди салоҳияти хатибон, ки аз сӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон ташкил шудааст, имрӯз бо баргузории санҷиши савияи дониши имомхатибони масоҷиди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кори худро оғоз кардааст, ки, қарор аст, то 25-уми август дар дигар навоҳии пойтахт низ чунин санҷишҳоро идома бидиҳад.


Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Муҳаммад Довуд, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин санҷиш баррасии сатҳи дониш ва таъйини салоҳияти имомхатибони шаҳр будааст.


Ҳарчанд иқдоми мазкур дар аввал аз сӯи шаҳрдорӣ гирифта шуда ва иҷрои ин амр ба дӯши додситонии Душанбе, идораи дини пойтахт ва Шӯрои улламои кишвар вогузор гардида буд, вале ба ҳайъати ин кумисюн намояндагони мақомоти расмӣ ворид нашуда, танҳо ба ҳайси нозир дар кори он ширкат меварзанд. Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, чунин тағйири мавқеъи шаҳрдорӣ ба дунболи танқиди расонаҳо сурат гирифтааст, ки мақомоти ҳукуматиро дар мудохила ба фаъолияти муассисоти динӣ муттаҳам мекарданд.


Вале дар ҳамин ҳол як тан аз имомхатибон баъди хатми санҷиш гуфт, ки ҳарчанд нозирони ҳукумати шаҳр аъзои ин Кумисюн нестанд, боз ҳам метавонанд ба ҳайси нозир дар лаҳзаи дилхоҳ ба хатибони имтиҳоншаванда суоли худро матраҳ кунанд.


Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз ин нукта дақиқ нашудааст, ки санҷиши хатибон саросарист ё ин иқдом танҳо дар шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад.


Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG