Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокира бо толибон ҳанӯз натиҷае надодааст


Доир ба раҳоии ду гаравгони бемори куриёӣ аз банди Толибон, ки қаблан музокиракунандагон аз Курёи ҷанубӣ ва гурӯҳи Толибон ба мувофиқа расида буданд, аз Афғонистон гузоришҳои зиддиҳам мерасанд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки толибҳо беш аз се ҳафта аст, ки 21 куриёиро дар асораташон нигоҳ медоранд.


Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи гурӯҳи Толибон навиштааст, ки ду гаравгони бемор ба зудӣ озод хоҳанд шуд, вале ҳанӯз ҳам вақти раҳоии онҳо таъйин нашудааст. Аммо ҳамин сухангӯ ба хабаргузории куриёии Йонап гуфтааст, ки ҳоло раҳбарони Толибон тасмим гирифтанд, ки он ду гаравгонзани беморро озод накунанд.
XS
SM
MD
LG