Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммуъи ронандагони «Тангем»-ҳо дар Душанбе


MK

Дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе ҳудуди 30 ронандаи микроафтобусҳои мусофирбари «тангем» дар назди бинои шаҳрдории пойтахт ҷамъ омаданд.


Дар авоили моҳи август шаҳрдории Душанбе қарореро содир кард, ки мувофиқи он ҳаракати «тангем»-ҳо дар ҳудуди шаҳр маҳдуд карда шуда, дар маркази пойтахт комилан манъ гардиданд.


Ронандаҳои норозӣ гуфтанд, ҳамин қарори шаҳрдорӣ онҳоро водор ба ин гирдиҳамоӣ кардааст. Яке аз ин ронадаҳо, ки худро Раҳмат Содиқов муаррифӣ намуд, гуфт: «Дар низоми ҳаракати нақлиёт ва ба манзил расонидани мусофирҳо «тангем»-ҳо нақши муҳим доштаанд. Мо дар тааҷҷубем, ки чаро шаҳрдорӣ чунин бархурд мекунад».


Аммо дар тамоси телефонӣ масъули дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов гуфт, ки ронандаҳои дар назди шаҳрдори ҷамъшуда аслан барои фаҳмидани асоси қонунии амали бозрасҳои автомобилӣ дар робита ба манъи ҳаракати «тангем»-ҳо будааст.
XS
SM
MD
LG