Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вена домоди гурезаро истирдод накард


KB

Як додгоҳе дар Австрия ҳукм намуд, ки домоди собиқи раиси ҷумҳурии Қазоқистон Роҳат Алиевро ба ватани ӯ истирдод намекунад.


Ҳукми додгоҳи ноҳиявии Вена маънои онро дорад, ки Роҳат Алиев, собиқ сафири Қазоқистон дар Австрия, ки моҳи июн боздошт шуда буд, додгоҳро чун як шахси озод тарк мекунад.


Алиев дар Қазоқистон барои одамрабоӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва таҳдид муттаҳам мешавад, ки аз нигоҳи худи Алиев ангезаҳои сиёсӣ дорад.


Сухангӯи додгоҳи Австрия Герҳард Ярош гуфт, Алиев бо он сабаб истирдод намешавад, ки ба ӯ дар дохили Қазоқистон мурофиаи одилонаи додгоҳӣ кафолат дода намешавад.
XS
SM
MD
LG