Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис ва тақозои маҳкумияти "ҳамла"-и Русия


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз Аврупо даъват кард, ки барои мушаки, ба қавли Тифлис, дар хоки Гурҷистон партобшуда Маскавро маҳкум кунад.


Гурҷистон мегӯяд, ки рӯзи душанбе, 6 август, нирӯҳои ҳавойии Русия дар хоки Гурҷистон як мушак партоб карданд. Саакашвилӣ Русияро дар кӯшиши эҷоди муҳити ваҳшатзадагӣ дар Гурҷистон муттаҳам кард.


Вазири умури дохилии Гурҷистон гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар қаламрави Гурҷистон як мушак партоб карданд, аммо он мунфаҷир нашуд.


Маскав ҳама гуна иттиҳомотро рад мекунад. Сухангӯи нирӯҳои ҳавойии Русия гуфт, ки ҳеҷ як ҳавопаймои русӣ қаламрави Гурҷистонро убур накардааст.


Дар Вашингтон вазорати хориҷаи ин кишвар ҳамлаи мазкурро маҳкум кард, аммо илова кард, ки ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки чӣ касе дар паси ин ҳодиса қарор дорад.
XS
SM
MD
LG