Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон бо ҳукумати Корея гуфтушунид мехоҳанд


KB

Толибон гуфтанд, ки омодаанд, бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот карда сарнавишти 21 гаравгонро, ки беш аз ду ҳафта дар дасти онҳо нигаҳдорӣ мешаванд, баррасӣ кунанд.


Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Кобул ҳанӯз тасдиқ накардааст, ки оё ҳайати ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба ин мулоқот хоҳад рафт ё на.


Мегӯянд, баъди изҳороти ҳукумати Ҳамид Карзай оид ба ин ки талаби Толибонро оиди аз зиндон раҳо кардани 8 толиб қонеъ нахоҳанд кард, ҷараёни музокирот барои озодсозии гаравгонҳо вориди бунбаст шудааст.


Кормандони як созмони хайрияи масеҳӣ рӯзи 19 июл дар ҳайати 23 нафар дар вилояти Ғазнӣ рабуда шуда то имрӯз ду узви он ба қатл расонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG