Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби IAEA аз мақомоти Тоҷикистон


Бунгоҳи байналмилалии нирӯи ҳастаӣ (IAEA) аз Пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хостааст, то ягона реактори атомии тадқиқотиашро ба қисмҳо ҷудо ва ғайриқобили истифода кунад. Ин реактор дар километри ҳафтуми роҳи Душанбе--Ваҳдат мавҷуд буда, аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст ва бо сабаби хатари фурӯрафти қабати хоки ин минтақа ғайриқобили истифода буд. Ҳамчунин ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, олимони тоҷик ин реакторро мавриди истифода қарор бидиҳанд.


Қурбон Кабудов муовини мудири пажӯҳишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, IAEA ваъда кардааст, ки дар ивази ин реактори атомӣ дар Пажӯҳишгоҳи физика як суръатфизои атомии тадқиқотӣ насб мекунад.


Вай афзуд, таввасути ин дастгоҳ олимони тоҷик метавонанд, озмоишҳои мухталифи ҳастаии илмӣ анҷом диҳанд. Реактори атомии Аргус, ки замони шӯравӣ ба Пажӯҳишгоҳи физика ҳадя шудааст, барои озмоишҳои мухталифи атомӣ ва ҳамчунин ғанисозии ураниум то 21 дараҷа пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG