Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи охирини UNTOP дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон имрӯз баъд аз 14 соли фаъолият намояндагии СММ расман ба кори худ поён медиҳад. Шӯрои амнияти СММ дар моҳи апрел қарор кард, Тоҷикистон дигар ба ҳузури нозирон ва таҳкимдиҳандагони раванди сулҳ ниёз надорад.


Дар тули мавҷудияташ ин намояндагӣ бо номҳои гуногун дар ибтидо нақши миёнарави гуфтушунидҳои сулҳ, сипас нозири оташбас ва созишномаи умумии сулҳу оштии миллӣ ва ниҳоят пуштибон ва тақвиятдиҳандаи сулҳро иҷро кардааст.


Фаъолияти онро дар аввали феврали соли 1993 дипломати румин Ливиу Бота оғоз ниҳода, дар расми ҷамъбасти кор, охирин раиси намояндагӣ дипломати булғор Владимир Сотиров ширкат хоҳад кард. Дар соли 1998 чор узви ин намояндагӣ, Ричард Шевчек аз Лаҳистон, Адолф Шарпегу аз Уругвай, Ютака Акино аз Ҷопон ва тарҷумони онҳо Ҷӯраҷон Маҳрамов дар шарқи Тоҷикистон ваҳшиёна кушта шуданд.


Дар расми бошукӯҳе, ки бояд баёнгари сипосгузории мардуми Тоҷикистон аз кормандони СММ бошад, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва афроди расмӣ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG