Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳо пирӯзии футболи худро ҷашн мегиранд


Даҳҳо ҳазор нафар аз ироқиҳо дар хиёбонҳо дар сартосари кишвар пирӯзии дастаи футболи худро ҷашн мегиранд.


Аввалин бор дар таърихи худ дастаи миллии Ироқ қаҳрамони Ҷоми Осиё гардид.


Бо таҷлили пирӯзии Ироқ дар сабқат бо Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби як бар сифр ироқиҳо мерақсанд, суруд мехонанд, парчами миллиро парафшон мекунанд ва бархилофи дастури ҳукумат ба ҳаво тир меандозанд. Аз ин тирандозиҳо дастикам чор нафар ба ҳалокат расидаанд.


Сарвазири Ироқ Нурӣ aл-Маликӣ ин ғалабаро сабақи пирӯзӣ бар монеъаҳои гузарнопазир номид.
XS
SM
MD
LG