Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Беларус иди истиқлолашонро ҷашн мегиранд


Фаъолони оппозисюни Беларус имрӯз, 27 июл талош хоҳанд кард, то ҷашни истиқлоли кишвари худро барпо кунанд.


Соли 1990 дар ин рӯз Беларус истиқлолияти худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ эълом дошта буд.


Ҳукумати Беларус ин идро ба расмият намешиносад ва рӯзе, ки артиши Шӯравӣ Минскро аз нирӯҳои Олмон озод карда буд, иди истиқлолият эълон кардааст.


Ҳар сол дар 27-уми июл ҳукумат даҳҳо намояндаи оппозисюнро барои ташкили ҷамъомад ва тазоҳурот ба ҳабс мегирад.
XS
SM
MD
LG