Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати қатли гаравгонони кореягӣ


Шахсе ки худро сухангӯи Толибони афғон муаррифӣ мекунад, гуфт, мӯҳлати қатли 23 гаравгони кореягӣ ба як рӯзи дигар дароз карда шуд.


Толибон, ки насрониёни инҷилпарасти Кореяи Ҷанубиро чор рӯз пеш дар вилояти Ғазнӣ рабудаанд, бори чандум аст, бо мӯҳлати нави қатл таҳдид мекунанд, аммо дар бораи талаби онҳо ахбори гуногун нашр мешавад, аз озодии толибони маҳбус гирифта, то хуруҷи нирӯҳои Кореяи Ҷанубӣ аз Афғонистон.


Вале ҷонишини вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, одамрабоён ҳеч талабе дар миён нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG