Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба амнияти иттилоотӣ


RD

Масъулини расонаҳои хабарӣ ва таҳлилгарони тоҷик аз фаъолияти Кумисюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки кори ин кумисюн қаноъатбахш нест.


Ширкаткунундагони як нишаст дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ин кумисюн даҳҳо дархости муассисаҳоро барои гирифтани муҷаввизи пахши барномаҳои телевизон ва радио бепосух мондааст. Гуфта мешавад, то кунун 20 шахси ҳуқуқӣ интизори гирифтани муҷаввиз барои пахши барнома мебошанд.


Дар ҳамин ҳол, масъулини кумисюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон нокифоятии кори худро рад карда, иддаъо мекунанд, ки надодани муҷаввиз ба радио ва телевизюнҳои мустақил ба фаъолияти ин кумисюн рабте надошта, омилҳои дигаре чун нишон надодани манбаъи даромад ва сармоягузорӣ, таҳияи нодурусти аснод барои гирифтани муҷаввиз, риъоят нашудани тартиби ироъаи мадорик дорад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, халоъи иттиоотӣ ва адами мавҷудияти телевизюнҳои мустақил метавонад ба амнияти иттилоотӣ хатар эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG