Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори заҳролудшудаҳо дар пайи ҳодисаи Укроин


Шумораи бистаришудагон аз рехтани заҳри марговари фосфор дар ғарби Укроин ба 143 нафар расид, ки беш аз чил нафари онҳо кӯдаконанд.


Вале мақомоти расмӣ мегӯянд, мунҳариф шудани қатори роҳи оҳан ва оташ гирифтани ин моддаву ба ҳаво паҳн шудани он дигар ба одамон таҳдид намекунад.


Президенти Укроин Виктор Юшенко, ҳукуматро айбдор кард, ки пайомадҳои фалокатро кам нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG