Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси аввалин Академияи зидди фасод


Мақомоти Австрия ва Полиси байнулмилал ё Интерпол дар бораи таъсиси аввалин Академияи зиддифасод ба созиш расиданд. Тибқи аҳдномаи онҳо ин академия дар Вена дар соли 2009 ба кор оғоз мекунад ва кормандони полису мақомоти зидди фасоду ришваро аз сартосари ҷаҳон ба таҳсил даъват мекунад.


Дар барномаи таълимии он роҳҳои кашфи ришвату фасод, шустушӯи сармоя, ахлоқи кор, пайгирии моликияти ғайриқонунӣ ва мусодираи он мақоми асосӣ хоҳанд дошт. Таъсиси ин академияро Маҷмаъи умумии Интерпол дар моҳи сентябри соли гузашта ба тасвиб расонда буд.
XS
SM
MD
LG