Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод дар Тоҷикистон - монеаи вуруди сармояи хориҷӣ


Тибқи як хабар аз Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҷиноёти марбут ба фасодкорӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 25% афзудааст.


Дар ин муддат додситонӣ таҳқиқи 163 парвандаи марбут ба фасодкорӣ, аз ҷумла 75 парвандаи дуздии моликияти давлатро ба поён расонидааст.


Созмонҳои байнулмилалии молӣ мегӯянд, ки фасодкории густарда дар Тоҷикистон тоҷирони хориҷиро аз сармоягузорӣ дар ин кишвар дилсард мекунад ва монеи вуруди сармояҳои зарурӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мешавад.
XS
SM
MD
LG