Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс эълом кард, ки ИМА ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш ба хотири маҳдуд кардани дастрасии Эрон ба манобеъи молии байналмилалӣ таҳримоте наве ба зидди ин кишвар таҳия мекунанд.
Хонум Райс зимни як мусоҳибаи телевизиониаш рӯзи ҷумъа гуфт, ки Эрон ба таври афзоянда хатарноктар мешавад. Вай афзуд, Амрико ҷонибдори ҳалли мусолиматомези буҳрони ҳастаии Эрон аст, вале ҳанӯз ҳам иқдоми низомӣ бар зидди ин кишварро сарфи назар намекунад.
Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ мегӯянд, ки Ирон барои сохтани силоҳи атомӣ талош дорад ва аз ин кишвар хостаанд, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф созад.
Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз иҷрои ин талаб сарпечӣ мекунад.