Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванд Эмомалӣ Раҳмон фонди хайрия таъсис дод


mm

Рӯзи ҷумъаи 29-уми июн дар маҷмаъаи давлатии кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муассиси Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, дар як ҷамъомади вижа таъсиси ин фондро эълом кард.


Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз ҷумла зикр кард, ки фаъол намудани Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва таъсиси Раёсати ҷумҳуриявии танзими расму оинҳо қадами навбатӣ ва идомаи корҳо дар роҳи раҳоӣ додани мардум аз исрофкорӣ, сарфу хароҷоти бемаънӣ ва аз хурофоту таассуб аст.


Дар мавриди мақсад аз таъсис додани ин фонд муассиси он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки он барои ба таври одилона дастгирӣ кардани оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, шахсони бесаробону барҷомонда, бемору маъюб, пиронсол, офатзадаву зарардида аз ҳодисаҳои табиӣ ва нохуш, собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳоҷирону гурезаҳои иҷборӣ ва ҳамчунин кумаки молиявӣ расондан ба муассисаҳои фарҳангию таърихӣ, таълимиву тарбиявӣ, томактабиву омӯзишӣ, махсусгардонидашуда, такмили ихтисос, мактабу интернатҳо, ятимхонаҳо, хонаҳои бепарасторон, марказҳои барқароркунии саломатӣ, нуқтаҳои ёрии аввалияи тиббӣ ва ҳифзи модару кӯдак ва мусоидат ба сохтмони роҳу пулҳо, ҳаммом, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр мебошад.


Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки «дар Тоҷикистон корҳои зиёди хайрия аз ҷониби фондҳои хориҷӣ анҷом дода мешаванд» ва афзуд, ки «имрӯз мо имкон дорем чунин корҳои хайру савобро худамон низ амалӣ созем».
Муассиси Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки «ба пулу мол натанҳо аз хайру садақоти шаҳрвандон, балки аз ҷониби хазинаҳои дигар, созмонҳо ва давлатҳои хориҷии мададрасон низ ворид шуда, ба дастгирии эҳтиёҷмандон равона мегардад».


Дар поёни ҷамъомад муассиси фонд Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии онро муаррифӣ намуд.
XS
SM
MD
LG