Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши роҳкирои мусофирбарҳои Душанбе


Бо қарори ҳукумати шаҳри Душанбе шурӯь аз якуми июли соли равон қимати роҳкиро дар миниавтобус ё маршруткаҳо аз 40 дирами қаблӣ то ба 60 дирам боло бурда шуд. Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ сабаби аслии боло рафтани нархи роҳкирои автобус ва миниавтобусҳои шаҳр, афзоиши кимати маводи сӯхт будааст.


Болоравии қимати роҳкирои мусофирбарҳо дар пойтахти кишвар, ки тибқи маьлумоти ғайрирасмӣ бештар аз 1 миллион аҳолӣ аз он истифода мекунад, аз мавзуьҳои дарднокест, ки ба зиндагӣ ва кори бахши бузурги сокинони Душанбешахр таъсир мерасонад. Зеро мусофирбарҳои хурд, ё маршруткаҳо ягона василаест, ки харҷи камтар дорад ва мусофиронро ба зудӣ ба манзил мерасонд. Дар сӯхбат бо хабарнигори Радиои Озоди аксари шахрвандон, ки то имрӯз аз болоравии қимати роҳкиро хабар надоштанд, изҳори норозигӣ карданд ва гуфтанд, бо ин ҳол намедонанд, чи гуна буҷаи бе ин ҳам касоди хонаводаҳоро ба танзим дароранд.


Ин болоравии қимати роҳкиро ба автобус ва тролейбусҳо дахл надорад ва қиммати билет дар онҳо хамоно 30 - 40 дирамро ташкил медиҳад. То ҳол аз мусофирбароне, ки дар пойтахт ба аҳолӣ хидмат мерасонанд, қимати роҳкирои маршруткаҳои хурди истеҳсоли чин бо номи Тангем, ки 1 сомонӣ буд, 60 дирам муқаррар шуд. Тавре мебинем акнун нархи Тангемҳо низ тақрибан ба қимати маршруткаҳо наздик мешавад. Ин ҳол боиси нигаронии ронандаҳои Тангемҳо шудааст.


Шавкат Саидов дар мавриди таксиҳое, ки муҷавиз е лицензия доранд мегӯяд минбаьд дар ин намуди нақлиёт бояд ҳисобкунак ё таксомет насб шавад ва мусофир барои ҳар як километр 55 дирам супорад.
XS
SM
MD
LG