Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Питтсбург: «Адамов сафед нашудааст»


ll

Додгоҳи федеролии шаҳри Питсбурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом доштааст, ки собиқ вазири энержии ҳастаии Русия Евгений Адамовро сафед накардааст.


Дар изҳороти вижаи Додситон дар ин бора омадааст, ки иттиҳом алайҳи вазири собиқ барҷой мондааст.


Қаблан хабаргузориҳои Русия аз қавли Генри Резник, вакили дифоъи Адамов, дар бораи аз сӯи додгоҳи ИМА сафед шудани собиқ вазири энержии ҳастаии Русия иттилоъ дода буданд.


Ин ҳама дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Генри Резник, ҳукумати Амрико асноди муътамади гуноҳи Евгений Адамовро пешниҳод накардааст.


Тавре ки маълум аст, Евгений Адамов дар азхуд кардани 9 миллион долларе, ки Вазорати энержии Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати таҳкими амният дар корхонаҳои энержии ҳастаии шӯравии собиқ ҷудо карда буд, гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG