Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии дастаҷамъии мардикорони тоҷик


mm

Шоми дирӯз 41 нафар мардикори тоҷик дар Русия заҳролуд шуда, дар ҳолатҳои вазнин ба бемористонҳои шаҳри Солнечногорск интиқол гардиданд.


Ин ҳодиса дар деҳаи Озеретское, воқеъ дар ноҳияи Дмитровои назди Маскав, ки мардикорони тоҷикистонӣ инҷо дар сохтмони терминоли фурӯдгоҳи «Шереметйево-3» кор мекарданд, ба вуқӯъ пайвастааст.


Гуфта мешавад, заҳролудшавии онҳо бар асари истеъмоли ғизои масмумшуда будааст.


Сабабҳои дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.
XS
SM
MD
LG