Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 145 кг маводи мухаддир


KA

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар бораи кашфу мусодираи наздики 130 килограмм маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон хабар доданд.


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, ахиран дар пайи як даргирӣ бо як гурӯҳи мусаллаҳе, ки мехост ба он сӯи марзи Афғонистон фирор кунад, аз тарафи марзбонони тоҷик дар ҷои ҳодиса 75 килограмм афюн ва 40 килограмм ҳашиш пайдо кардаанд.


Гуфта мешавад, аз тарафи ин ниҳод ҳамчунин дар пайи як амалиёти дигар дар марз бо Афғонистон дар аввали ҳафтаи равон тақрибан 15 килограмм ҳашиши дигар кашфу мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG