Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набуди пешрафт дар мубориза бо қочоқи инсон


Вазири умури берунаи Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс гуфт, бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон ба камтарин меъёрҳои решакан кардани қочоқи инсон ҷавобгӯ нест, вале талошҳои он муҳиму ҷиддӣ мебошанд. Ҳукумат барои ин дар соли гузашта барномаи миллиеро ба тасвиб расонда, бо созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад. Аммо ҳукумат ба тағйири қонун бо мақсади дақиқ кардани мафҳуми "қочоқ" ноил нашуд ва бархӯрди қотеъ бо қочоқи инсон нишон намедиҳад ва коррупсия ҳамчун монеаи асосии кӯшишҳои зидди қочоқ боқӣ мондааст.


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳодисаҳои қочоқро ҷиддан таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро, ба шумули мақмомоти давлатӣ, ки дар ин падида даст доранд ва ё ба он мусоъадат кардаанд, ҷазо диҳад, дар қонунгузорӣ мафҳуми "қочоқ"-ро рӯшан ва дақиқ намояд ва маърифати омро дар ин соҳа густариш диҳад.


Дар гузориш гуфта мешавад, Тоҷикистон як манбаи қочоқи инсон ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Арабистони Саъудӣ, Кувайт ва Эрон мебошад ва ҳарчанд айбдоршавандагони қочоқ афзудаанд, шумораи парвандаҳои марбута коҳиш ёфтааст ва иттилоъи комил дар бораи ин парвандаҳо нашр нашудааст. Бозгардони қурбониёни қочоқ ва мадади равонию моддӣ ба онҳо кам иттифоқ афтодааст.
XS
SM
MD
LG