Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Бародаӣ: Эрон фаъолиятҳои ғанисозиро густариш додааст


Мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, ки мубоҳисаҳои байналмилалӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон бояд фурӯкаш кунад.


Ҳангоми суханронӣ дар нишасти Шӯрои ҳуккоми оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар шаҳри Вена Муҳаммад Ал Бародаӣ гуфт, ки Эрон аз талаби Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сар печида ва ин фаъолиятҳояшро тавсиа додааст.

Кишварҳои ғарбӣ иддао мекунанд, ки Эрон зери пардаи барномаҳои атомии сулҳомез бомби атомӣ месозад. Иддаое, ки пайваста аз сӯи Эрон рад шудааст.
XS
SM
MD
LG