Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи паноҳандагони афғон аз пойтахт


so

Паноҳандагони афғони сокини Душанбе аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд, то аз ҳуқуқи онҳо дифоъ намояд.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки афғонҳои паноҳанда ва муқим дар шаҳри Душанберо ба навоҳии атрофии пойтахт интиқол диҳанд.
Ҷамъе аз паноҳандагони афғон бо таҷаммӯъ дар муқобили Дафтари паноҳандагони СММ дар Душанбе хостори мудохилаи Созмони милал дар ин қазия шуданд. Аммо то замони таҳияи ин хабар, вокуниши Дафтари паноҳандагони СММ дар ин робита маълум набуд.
Паноҳандагони афғон мегӯянд, ба далели адами мавҷудияти шароит барои кор ва таҳсили фарзандонашон дар навоҳиии атроф наметавонанд, аз пойтахт ба ин навоҳӣ кӯч банданд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ин тасмим бар тибқи Қонуни кори кишвар гирифта шуда ва ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дахл дорад.
Ғуломрасули Юсуфзай - намояндаи сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, сафорати кишвараш ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита номаи расмӣ фиристодааст, аммо бо гузашти фурсат ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон ба ин нома посух надодааст. Ин дар ҳолест, ки барои кӯч бастани паноҳандагони афғон аз пойтахт ба ноҳияҳои тобеъи марказ ба монади навоҳии Рудакӣ, Ҳисор ва Ваҳдат танҳо 10 рӯз мӯҳлат дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Паём Фуруғӣ, намояндаи Созмони амният ва ҳамкори Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, аз аҳамият холӣ набуд, агар Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин тасмими худ созмонҳои байнулмилаии ҳуқуқи башарро дар ҷараён мегузошт.
Бино ба иттиллои Кумитаи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2000 паноҳандаи афғон дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба сар мебрад ва шуғли аслии онҳо тиҷорат аст.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG