Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

<I>"G8"</I> бо гармшавӣ мубориза мебарад


Имрӯз дар шаҳраки Ҳайлигендам, воқеъ дар шимоли Олмон, сарони ҳашт кишвари пешрафтаи олам мавсум ба «G8» гуфтушунид мекунанд. Мавзӯъи нишаст "Мубориза бо гармшавии иқлим" эълон шудааст, вале, ба назари хабаргузориҳо, музокироти раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш ва президенти Русия Владимир Путин дар мавзӯъи бунёди сипари мушакии Амрико дар Аврупо муҳимтар аз ҳама хоҳад буд.


Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия истиқрори системи зидди ҳамлаи мушакии Иёлоти Муттаҳида дар Ҷумҳуриҳои Чех ва Лаҳистонро таҳдид ба амнияти кишвари худ хондаанд.


Дар ҳамин ҳол мухолифони ҷаҳонишавии иқтисод нийят доранд, ки ба минтақаи наздик ба нишасти сарони "G8" ворид шаванд ва ба кори он латма ворид намоянд. Дирӯз миёни ин эътирозгарон ва пулис задухӯрд ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG