Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикшавии сипари зиддимушакии Амрико ба Русия


сқ

Бегоҳи дирӯз, 4-уми июн, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш вориди Ҷумҳурии Чех шуд.


Интизор меравад, ки ӯ бо раҳбарони Чехия мавзӯъи истиқрори системи дифоъии зиддимушакии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави кишварро баррасӣ кунад.


Дар ҳамин ҳол, талошҳои Вошингтон барои мустақаркунии ин ситем дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мавриди нигаронии амиқи Русия шудааст ва президенти Русия Владимир Путин изҳор кард, ки Маскав дар посух ба ин амали Вошингтон кишварҳои Аврупоро аз нав ба ҳадаф хоҳад гирифт.


Ҷорҷ Буш дар ҷараёни сафари худ ба Ҷумҳурии Чех дар як конфаронси байнулмилалӣ оид ба демократия ва ҳуқуқи башар суханронӣ ва аз қароргоҳи Родиюи "Аврупои Озод - Родиюи Озодӣ" дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG