Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми тафтиши парвандаи "маняк" дар Душанбе


Тафтиши парвандаи нафаре, ки дар қатли чаҳор духтари ноболиғ муттаҳам мешавад, анҷом ёфта ва қарор аст, ҳафтаи ҷорӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол гардад.


Юсуфҷон Юсуфзода, раҳбари гурӯҳи тафтишотии Додситонии шаҳри Душанбе гуфт, нафари муттаҳам шаҳрванди Узбакистон буда, дар қатли чаҳор духтари ноболиғ дар пойтахти Тоҷикистон иқрор шудааст. Ба гуфтаи оқои Юсуфзода, боздоштшуда тибқи панҷ банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла одамкушию роҳзанӣ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад.


Додситонӣ эҳтимоли шомил будани шаҳрванди боздоштшудаи Узбакистон ба созмону ҳаракатҳои мамнӯъро истисно мекунад. Шахси муттаҳам аз манозили ҷавондухтарони кушташуда молу маводи талаби рӯзгор ва ашёҳои гаронбаҳоро ба яғмо бурдааст. Ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки нафари боздоштшуда саломат аст ва ҳолати мӯътадили равонӣ доштааст. Зимнан, ба иддаои додситонӣ, ӯ ҷиноятҳоро барқасдона содир намудааст. Юсуф Юсуфзода гуфт, нафари муттаҳам қаблан дар Узбакистон ҳам барои қатли духтари модарандари худ муҷозот шудааст. Ӯ гуфт, боздоштшуда аз сӯйи додгоҳи вилояти Қашқадарё ба ҷазои қатл маҳкум мешавад, аммо бо таъиноти Додгоҳи Олии Узбакистон ин ҷазо ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ табдил дода шуда ва тибқи қонуни афв дар ин кишвар, ҷазои ӯ ба 6 соли зиндон иваз карда мешавад.


Пас раҳоӣ аз зиндони устони Қаршии Узбакистон, нафари муттаҳам ба Душанбе фирор намуда ва бидуни қайди расмӣ тайи ду соли ахир дар пойтахти Тоҷикистон иқомат мекунад. Дар сурати собит шудани гуноҳҳои нафари муттаҳам дар додгоҳ, қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин навъи ҷиноят ҷазои то ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Аммо феълан дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатл мутаваққиф шудааст ва он ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ ва ё ҳабси абад табдил ёфтааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG