Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабонарӯзи Ироқ: Даҳ амрикоӣ ва чил ироқии кушта


ск

Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, рӯзи гузашта, 29 май, бар асари таркиши бомби рӯи раҳ ва бар асари суқути чархбол дар вилояти Диял 10 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.


Сабаби суқути чархбол ҳанӯз рушан нест. Дар Бағдод чанд таркиш, аз ҷумла, таркиши як автобус мунҷар ба ҳалокати 42 нафар гардид. Дар ин ҳодисаҳо 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.


Вазорати умури хориҷаи Британия тайид кард, ки рӯзи сешанбе, 29 май, дар пойтахти Ироқ панҷ шаҳрванди Британия аз сӯи афроди номаълуми мусаллаҳ рабуда шуданд.
XS
SM
MD
LG