Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Амрико алайҳи Судон


IA

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо ишора ба идомаи низоъи хунин дар вилояти Дорфури Судон иброз дошт, ки ИМА ин давлатро мавриди таҳрим қарор медиҳад. Таҳрим 31 ширкат ва чор фардро дар бар хоҳад гирифт.


Президенти ИМА даъват кард, ки барои муҷозоти Судон ва қатъи хунрезӣ дар Дорфур қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ қабул шавад.


Таҳрими нави ИМА таҳрими соли 1997-ро тавсеъа бахшида, ба ваҷҳи умум бар муқобили ширкатҳои давлатӣ ва ё зери назорати ҳукумати Судон аст.


Ҳукумати Судон ин иқдоми маъмурияти президенти ИМА-ро мавриди танқид қарор дод ва гуфт, ки таҳрим одилона нест
XS
SM
MD
LG