Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳат Алиев - дар бозҷӯии байнулмилалӣ


NA

Баъди онки Роҳат Алиев, домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби сафири ин кишвар дар Утриш (Австрия) бо як фармони падарарӯсаш барканор гардид, 23-вуми май дар нисбати ӯ бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.


Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дохилаи Қазоқистон Бағдод Хоҷааҳмадов, Роҳат Алиев, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, ба сар мебарад, ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ супурда шудааст.


Ӯ ҳамчунин гуфт, ки додситонии кишвар иҷозаи ҳабси ӯро содир кардааст ва феълан ҷиҳати истирдоди Роҳат Алиев таҳти сарварии муовини додситони кулл ва намояндагони Интерпол дар Қазоқистон ба Вена гурӯҳи вижае фиристода шудааст.


Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG