Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён укроин -- тарафдори Юшенко


Дар ҳоле ки буҳрони сиёсии Укроин амиқтар шудааст, Президенти он Виктор Юшенко фармон додааст, ки нерӯҳои вазорати корҳои дохилии ин кишвар таҳти назорати ӯ қарор гиранд.


Як рӯз пеш Юшенко вазири корҳои дохилӣ Васил Сушкоро бо амали хилофи қонун – ирсоли нерӯҳо ба идораи додситонии кулли Украина – муттаҳам карда буд. Дар навбати худ қабл аз ирсоли нерӯҳо Сушко президент Юшенкоро бо кӯшиши табаддулот муттаҳҳам намуд.
Вале дар ҳамин ҳол ҳанӯз ҳам идораи додситони кулли Украина аз тарафи нерӯҳои содиқ ба Сушко ва сарвазир Янукович назорат мешавад.


Вазири мудофиаи Украина Анатолий Ҳристенко ба президент Юшенко содиқ буда, аз хадамоти амниятӣ дархост намудааст, ки вазъро муташанниҷ накунанд.
XS
SM
MD
LG