Рӯзи дувум аст, ки дар кохи «Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ ва фурӯши коло ва маводи тавлидотии Ҷумҳурии исломии Эрон идомадорад. То кунун мардуми зиёде аз он дидор карда, қисме ҳам аз колои писандкардаашонро харидорӣ карданд.
Намоишгоҳи колоҳои Эрон дар Душанбе дирӯз, 18 май оғоз ёфт ва қарор аст, то 22 май идома кунад.
«Мехоҳем ба давлат ва мардуми Тоҷикистон кумак бикунем. Корхонаҷоти санъатиро ба роҳ бимонем, ҳам ба сурати шарокат ва ҳам ба сурати хос...»
Муҳаммадҳошими Кошонӣ, яке аз масъулони намоишгоҳи коло ва маводи тавлидотии Эрон дар Душанбе буд, ки аз омодагии ширкаташ барои ҳамкорӣ бо давлат ва мардуми Тоҷикистон дарак медод. Оқои Кошонӣ ба ҳамчунин гуфт, аз ҳоло баъзе ширкатҳои тиҷоратӣ ва санъатии Тоҷикистон бо ӯ гуфтушуниде ҳам анҷом додаанд: «Аз «Барқи тоҷик», вазорати саноат ва дигар ширкатҳои алоҳида омаданд ва ва дар мавриди ҳамкорӣ бо мо гуфтугӯ карданд».
Дар ин намоишгоҳ, ба қавли масъулонаш, ҳудуди чиҳил корхонаи саноатии Эрон ширкат доранд ва ҳадаф аз баргузории он густариши ҳарчи бештари ҳамкорӣ ва равобити тиҷоратии миёни ду кишвар будааст.
Фарҳод Маъруфӣ, намояндаи ширкати қолинбофии Эрон дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд баҳои қолини онҳо нисбат ба қолини бозорҳои маҳаллии Тоҷикистон арзон аст, аммо ҳанӯз харидорони худро пайдо накардааст: «Мардум истиқбол мекунанд, вале қудрати харидорӣ надоранд. Бисёриҳо андозаи қолинҳо ва арзиши онҳоро мепурсанд, аммо намехаранд...»
Чанде аз сокинони Душанбе, ки аз ин намоишгоҳ дидор кардаанд, чунин мегӯянд:
«Сифати колоҳои эронӣ аз сифати колои бозорҳои мо, ки аксаран чиноиву туркиянд, хеле беҳтаранд».
«Нархҳо гаронанд. Масалан, равған дар бозори «Корвон» се сомонӣ аст, дар ин намоишгоҳ ҳам...»
Ин шашумин намоишгоҳи колоҳои Эрон дар Тоҷикистон аст.
Каюмарси Ато, Душанбе