Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд алайҳи ҷони вазири афғон


Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Қандаҳор вазири иттилооти Афғонистон Абдул Карим Хуррам маҷрӯҳ шудааст.


Як бомбгузори маргталаб мошини бомбгузоришудаи худро ба мошини Карим Хуррам кубида се ғайринизомиро куштааст.


Асадуллоҳ Холид, волии вилояти Қандаҳор гуфт, ки вазири иттилоот ҷароҳатҳои сабуке бардошта ва ба бемористон бурда шудааст.


Пеш аз ин ҳодиса дар ҳамин шаҳр бар асари таркиши ду бомб 11 нафар корманди пулиси Афғонистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG