Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақаллиятҳои миллӣ забони давлатиро хоҳанд омӯхт?


RD

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Ролф Экеус, комиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ, масоили вобаста ба ақалиятҳои миллӣ Дар Тоҷикистон ва барномаи таълимӣ барои ақалиятҳо баррасӣ шудааст.


Ролф Экеус баъди анҷоми мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барномаи нави пешниҳодӣ муштаракан барои панҷ ҷумҳурии Осиёи марказӣ ва Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ин барнома асосан омӯзиши забони модарии ақалиятҳо ва омӯзиш додани забони давлатии ин кишварҳо барои ақалиятҳоро дар бар мегирад.


Ӯ мегӯяд, яке аз ҳадафҳои аслӣ ҷалб ё ҳамгироии ақалиятҳои миллӣ ба зиндагии иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ кишвар мебошад. Ин раванд роҳ уфтода ва, ман фикр мекунам, бо муваффақият анҷом хоҳад шуд.


Ба гуфтаи оқои Экеус, барномаи мазкур аз ҷумла омӯзиш додани забони давлатӣ барои ақалиятҳо, нашри дастурҳои нави таълимӣ ва дар ҷои иқомати ақалиятҳо фароҳам кардани истифода аз фанновариҳоро дар бар мегирад. Ӯ афзуд, дар сурати пешниҳод шудани ин барномаҳо, агар ҳазинаи онҳо камтар бошад, ин барномаҳоро худи САҲА саромягузорӣ хоҳад кард, дар ғайри сурат ба кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳодияи Аврпуо муроҷиъат хоҳад шуд.


Камиссари САҲА вазъи ҳимоят аз ақалиятҳо дар Тоҷикистон ва ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар ин заминаро хуб тавсиф кард. Дар ҳамин ҳол Виктор Ким, раиси Ҷамъияти куриягиҳои Тоҷикистон, мегӯяд, барои ҳифзи ҳуқуқи ақалиятҳо ва танаввуъи фарҳангии онҳо ба як барномаи давлатии мусоидат ба ақалиятҳо ниёз аст.


Аммо ба гуфтаи кумисари олии САҲА дар мулоқоти ӯ ва раиси ҷумҳур ба ҷуз аз масоили марбут ба ақалиятҳо дар Тоҷикистон авзоъи тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст. Вале оқои Ролф Экеус аз ифшои ҷузъиёти бештари ин масъала худдорӣ кард. Комиссари САҲА ҳамчунин бо вазири умури хориҷа, вазири маориф ва намояндагони ақалиятҳои Тоҷикистон низ дидор ва мулоқот хоҳад дошт.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе.
XS
SM
MD
LG