Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Туркманистонро шарики стратегӣ номид


IA

Президенти Русия Владимир Путин Туркманистонро ҳамкори стратегии Кремл дар соҳаи энергетика номид ва даъват кард, ки дар бахшҳои дигар низ ҳамкориҳои миёни ду кишвар тавсеа ёбад. Президент Путин аснои мулоқот бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри Ашқобод гуфт: "Ҳанӯз ҳам мо кори зиёдеро дар секторҳои энергетикӣ ва дигар бахшҳо анҷом дода метавонем. Қадамҳои аввал аз тарафи ширкатҳои бузурге ба монанди Камаз, ширкати телефонҳои мобил МТС, Лукойл, Русал ва табиатан Газпром коршарики деринаи Шумо, гузошта шудааст."

Имрӯз қарор аст дар шаҳри Туркманбошӣ президентҳои Русияву Туркманистон бо раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намоянд. Тахмин мешавад, ки дар ин мулоқот барномаи бунёди лӯлаи гази табиӣ аз Туркманистон ба Аврупо баҳс мешавад. Тибқи нақша ин лӯла аз қаламрави Қазоқистону Русия убур хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG