Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


Дар Кобул ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд.Ҳодиса назди яке аз зиндонҳои пурмуҳофизи шаҳри Кобул сурат гирифтааст.


Сухангӯи нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон майор Шелдон Смит ба хабаргузории «Франс Пресс» гуфтааст, ки як марди низомипӯши афғонӣ ҳангоми берун шудани мошини сарбозони амрикоӣ аз зиндони Кобул ба сӯи онҳо аз мусалсал оташ кушодааст.


Бар асари ин ҳамла ду сарбози дигар маҷрӯҳ шудаанд ва доир ба сарнавишти фарди ҳамлавар ҳанӯз хабаре дар даст нест.


Ва мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки дар зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар, 35 нафар, аз ҷумла 17 пайкорҷӯи Толибон ва панҷ маъмури амниятии афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG