Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қатар: имзои чаҳор санади ҳамкорӣ


mm

Дар рӯзи нахустини боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Қатар чаҳор санади ҳамкорӣ миёни ин кишвари арабӣ ва Тоҷикистон ба имзо расид.


Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Раҳбарони ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамад бин Халифа ал-Тони зери Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Қатар, созишнома оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ, созишнома байни Тоҷикистон ва Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қатар имзо гузоштанд.


Ин нахустин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аз Қатар мебошад. Дар соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон аллакай аз кишварҳои арабии дигар, Мисру Сурия ва Имороти Араб боздид ба амал овардааст. Ҳадаф аз ин сафарҳо ба мамолики араб ба роҳ мондани муносиботи тиҷорӣ ва ҷалби сармояҳои шайхони араб ба Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Аз миёни кишварҳои арабӣ танҳо Имороти Муттаҳида равобити нисбатан густардатар бо Тоҷикистон дорад ва он ҳам дар чаҳорчӯбаи харидории колоҳо аз он кишвар аз ҷониби тоҷирони тоҷик мебошад.
XS
SM
MD
LG