Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши соҳибхоназан чанд аст?


Соҳибхоназани тоҷик дар хона чанд соат кор мекунад?

Барои харид, таҳияи ғизо, хонарӯбӣ, иваз кардани либосҳои тифлон ва корҳои бепойони дигар, ки як зани миёнаҳоли амрикоӣ дар хона анҷом медиҳад, метавон 138 ҳазор доллар маоши солона таъйин кард.


Ин аст хулосаи як пажӯҳиш, ки дар остонаи рӯзи модарон, 13 май, дар ИМА анҷом дода шудааст.


Тибқи ин пажӯҳиш, агар як соҳибхоназани амрикоӣ ҳамаи ин корҳоро берун аз хонааш анҷом диҳад, метавонад дар як сол қариб 140 ҳазор доллар музд бигирад.


Муаллифони ин пажӯҳиш мегӯянд, ки ҳафтаи корӣ дар муаассисаву ширкатҳои кишвар 40 соат аст, аммо, агар кори соҳибхоназанҳои амрикоиро ҳисоб кунанд, 96 соат дар як ҳафта мешавад.
XS
SM
MD
LG