Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ, ба манзури таъмири қисме аз бинои бозори марказии шаҳр хостанд тақрибан 60 нафар тоҷирзанонро муваққатан аз бозор берун намоянд. Вале ин занон садди роҳашон шуда, нагузоштанд онҳо вориди бозор шаванд.
Ин занон даъво пеш овардаанд, ки ҷиҳати таъмини оилаҳояшон наметавонанд бекор бошанд ва аз ин сабаб танҳо замоне ба тарки бозор розӣ мешаванд, ки ҳукумати маҳаллӣ барояшон ҷойҳои муносиби корӣ пешниҳод созад,
Дар ҳамин ҳол Карамалишоҳ Мусаввиров, раҳбари идораи савдои давлатии вилоят, мегӯяд, ки ҳангоми сохта шудани ин бозор дар он ҳамагӣ 50 ҷои корӣ дар назар гирифта шуда буд, вале феълан дар он тақрибан 600 нафар ба тиҷорат машғуланд ва аз ин рӯ ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст бо таъмири муҷаддади бозор миқдори нуқтаҳои савдоро дар он зиёд кунад ва барои ин ҳанӯз як сол қабл масолеҳи лозимии сохтмониро харидорӣ кардааст.
Масъулини идораи савдои ҳукумати вилоят мегӯянд, ки барои тарки бозор ба тоҷирзанон як ҳафта вақт додаанд, то ҷиҳати таъмир бозорро холӣ намоянд. Ин масъулин ба тоҷирзанон хамчунин фаҳмонидаанд, ки дар сурати иҷро нашудани ин амр онҳоро зӯран аз бозор берун хоҳанд кард.
Файзи Мирасан, Хоруғ