Тибқи омори расмии Юнисеф - Бунёди Созмони Милал оид ба ҳимояти кӯдакон 66 дарсади хурдсолон ва ҷавонони то 18 солаи тоҷик дар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Бар асоси пажӯҳиши ахири ҳамин бунёд, ин кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат буда, ба омӯзишу парвариш, муассисаҳои тандурустӣ ва ба оби поки ошомиданӣ дастрасии маҳдуд доранд. Юкие Мокуо, раҳбари дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт , дар ҳоли ҳозир назар ба бузургсолони фақир, ки 61 дарсадро ташкил медиҳанд, бештар кӯдакону хурдсолон аз фақр ранҷ мебаранд: «Яке аз масоили муҳими дигар вазъи беҳдоштӣ ва беҳдории кӯдакон мебошад, зеро тибқи пажӯҳишҳо дарсади маргу мир ва бемории кӯдакони дар ҳоли афзоиш аст. Аз сӯи дигар камбуди ғизо дар хурданиҳо имкон намедиҳад, ки кӯдакон рушд кунанд.Ва мо бояд қабл аз ҳама чунин хонводаҳоро сармоягузорӣ кунем.»
Дар ҳамин ҳол Ҳотамбек Хайров, раҳбари Маркази вазорати тандурустӣ дар умури ғизо мегӯяд,Тоҷикстон дар танҳоӣ имкони ҳалли ин масоил ва поийн бурдани мизони фақрро надорад. Ба назари созмонҳои байналмилалии масоили беҳдоштӣ агар ниҳодҳои молиявӣ ва созмонҳои сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон бар асоси барномаҳои вижаи муштараки ҷониби Тоҷикистон ба мушкилоти беҳдоштии Тоҷикистон расидагӣ кунанд,имкон дорад мизони фақр хусусан дар миёни хурдсолон коҳиш ёбад.