Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеда Ниёзова ба 7 соли зиндон маҳкум шуд


Хабарнигори мустақил Умеда Ниёзова имрӯз бо ҳукми додгоҳи Тошканд барои 7 сол равонаи зиндон шуд. Вай дар убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва мусоидат ба барангезиши ошӯбҳое, ки гӯё бо маблағгузории созмонҳои хориҷӣ ташкил шудааст, гунаҳгор дониста шуд.

Ниёзова акнун даҳ рӯз дорад, ки бознигарии ҳукми додгоҳро тақозо кунад. Шурӯъ аз оғози мурофиаи додгоҳӣ дар таърихи 19 апрел қазияи Ниёзова дар се баст муҳокима шудааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аммо гуфтаанд, ки ҳукми додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG