Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуго Чавез: Венесуэла узвияти Бонки ҷаҳониро қабул надорад


Раиси ҷумҳурии Венесуэла Ҳуго Чавез гуфт, ки кишвари вай аз узвияти Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул хориҷ хоҳад шуд. Чавез ин ду созмонро барои истеъмори кишварҳои хурд гунаҳгор кард. Соли 1999 Венесуэла ҳама қарзҳои Сандуқи байналмилалии пулро баробари сари қудрат омадани Чавез пардохт кард. Соли гузашта ин ниҳод дафтари худро дар Венесеэла баста эълон кард.
XS
SM
MD
LG