Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарурати идомаи муколама бо Русия


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш мегӯяд, ки барои коҳиш додани нигарониҳои Русия аз барномаи таъсиси низоми зиддимушакии Амрико дар Аврупо муколама бо давлати Русияро бештар хоҳад кард.


Ҷорҷ Буш рӯзи душанбе, 30 апрел, пас аз ҳамоиши сарони Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вашингтон гуфт, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, аз ӯ хостааст, то ҳадафҳои барномаи таъсиси низоми зиддимушакиро ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин беҳтар шарҳ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG