Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси порлумони САҲА ба Тоҷикистон


Po

Интизор меравад дар нимаи аввали ин ҳафта Йоран Леннмаркер, раиси Маҷмаъи байнипарлумонии Созмони амният ва ҳамкории Арупо бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад. Хабаргузории «Авасто» бо истинод ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, Йоран Леннмаркер ҳангоми боздидаш аз ин кишвар бо президент Эмомалии Раҳмон ва райисони ҳар ду палатаи парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Саъдулло Хайруллоев мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, Йоран Леннмаркер ба Тоҷикистон аз вохӯрии сарони намояндагиҳои минтақаии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, ворид мешавад.



Сафари Леннмаркер дар доираи сафари расмии ҳайъати Маҷмаъи байнипарлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ бо ҳадафи тавсеъи ҳамкориҳои парлумонӣ дар Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Оқои Леннмаркер ҳамчунин аз давлатҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ дидан мекунад. Вай моҳи феврали имсол бо як сафари кӯтоҳмуддат ба Туркманистон низ рафта буд.
XS
SM
MD
LG