Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии собиқ вазир дар Лаҳистон


Барбара Блида, собиқ вазири ҳукумати Лаҳистон, ки дар ришват муттаҳам мешуд, дар соатҳое, ки полис манзили вайро ҷустуҷӯ мекард, даст ба худкушӣ зад.


Хонум Блида солҳои 1993-1996 вазири сохтмони Лаҳистон буд ва ахиран, ҳангоме, ки афсарони хадамоти амнияти миллии кишвар манзили ӯро дар шаҳри ҷанубии Сименовице кофтукоб мекарданд, ба ҳаммом даромада худро бо тири туфанг ба ҳалокат расонд.


Қаблан мақомот гуфтаанд, ки Блинда солҳои 1989 то 2005, замони вакили парлумон буданаш ба ришвахорӣ даст задааст.
XS
SM
MD
LG