Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони амрикоӣ: "Тоҷикистон кишвари худкома аст"


Дафтари амрикоии демократия, ҳуқуқи инсон ва кор дар гузориши тозанашри худ мегӯяд, Тоҷикистон як кишвари худкома, ё авторитарист.


Дар гузориши мусоидат ба демократия ва ҳуқуқи инсон дар соли 2006 оид ба Тоҷикистон омадааст, плюрализми сиёсӣ дар ин кишвар риоят намешавад, дастовардҳои ҳукумат оид ба ҳуқуқи инсон ночизанд, ҳанӯз ҳам мавориди ришваситонию фасод дар ниҳодҳои давлатӣ мушоҳада шуда ва фаъолиятҳои ҷомеъаи шаҳрвандию созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳар восита маҳдуд мегарданд.


Дар ин гузориш ҳамчунин аз интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта, ки бидуни рақобатҳои воқеӣ ва хилофи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст, интиқод мешавад.
XS
SM
MD
LG