Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзойиши масрафи об дар Тоҷикистон


Фарҳоди Мелод

Вазорати оби Тоҷикистон эълом дошт, ки ин кишвар мизони истифода аз захоири обиашро афзойиш хоҳад дод. Ҳомидҷон Ҳасанов, муовини вазири обу обёрии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ҳудуди 11 миллиард метри мукааб аз маҷмӯъи захоири оби Осиёи марказиро истифода мебарад. Оқои Ҳасанов гуфт, ин миқдори об барои эҳтиёҷоти кишвар кофист, вале афзуд, ки барои рушди бахши кишоварзӣ дар маҷмӯъ кишвар ба 3 миллиард метри мукааби об эҳтиёҷ дорад.
Вазорати обу обёрии Тоҷикистон дар ҳоле аз чунин тасмими худ иттилоъ медиҳад,ки кишварҳои поёноб, аз қабили Ӯзбакистон ва Туркманистон, ба камбуди об мувоҷеҳанд. Истифодаи ҳудуди 50 дарсади захоири оби Осиёи марказӣ ба Ӯзбакистон рост меояд. Ҳомидҷон Ҳасанов, муъовини вазири обу обёрии Тоҷикистон, гуфт, ҳанӯз кишвари Афғонистон ба далели идомаи ҷанг ҳудуди 30 сол аст, ки аз оби дарёи Ому истифода накардааст. Тибқи иттилоъоти расмӣ, Тоҷикистон дорои ҳудуди 65 дарсади захоири оби Осиёи марказист, аммо дар ҳоли ҳозир аз ҳафт дарсади ин захоир истифода мебарад.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG