Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суис кӯҳистони Тоҷикистонро обод менамояд


Ҳукумати Суис гуфт, ду лоиҳаи ҷадид дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад. Беш аз як миллион доллари амрикоиро Суис мехоҳад барои рушди манотиқи кӯҳӣ ва худидораи маҳаллӣ дар Бадахшон, водии Рашт ва чанд ноҳияи вилояти Хатлони ин кишвар масраф намояд. Ҳадафи аслии ҳар ду лоиҳа мусоидат дар коҳиши мизони нодорӣ ва беҳбуд бахшидан ба рӯзгори сокинони навоҳии кӯҳӣ арзёбӣ мешавад. Ин маболиғ аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллию созмонҳои ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG